Фирори 200 маҳбус аз зиндони Ҷалолобод дар Афғонистон
(last modified 2020-08-04T11:53:44+00:00 )
Август 04, 2020 16:53 Asia/Dushanbe
  • Фирори 200 маҳбус аз зиндони Ҷалолобод дар Афғонистон

200 зиндонӣ пас аз ҳамлаи террористҳо ба зиндони шаҳри Ҷалолободи вилояти Нангаҳори Афғонистон, муваффақ ба фирор шуданд.

Ба гузориши радиои Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории садо ва симои Эрон, сарпарасти вилояти Нангаҳор дар шақи Афғонистон Тамим Ориф рӯзи сешанбе гуфт: "Дар зиндони марказии шаҳри Ҷалолобод ҳудуди 800 зиндонӣ нигаҳдорӣ мешуданд, ки 200 нафар аз онҳо муваффақ ба фирор шуданд. Аммо талошҳо барои дастгирӣ ва бозгардондани онҳо ба зиндон идома дорад.

Ҳанӯз ҳуввияти зиндониёни фирорӣ эълон нашудааст.

дар зиндони Ҷалолобод шуморе аз террористҳои ДИИШ нигаҳдорӣ мешаванд.

Як гурӯҳи террористӣ рӯзи якшанбе ба зиндони Ҷалолобод ҳамла кард ва бо нерӯҳои амниятии Афғонистон бархӯрд кард.

Даргириҳо, ки тақрибан 20 соат давом кард, 10 узви ДИИШ, 29 узви нирӯҳои амниятӣ ва як қатор ғайринизомиёни афғон кушта шуданд.

Барчасп