Август 04, 2020 18:38 Asia/Dushanbe
  • Шӯриш дар зиндони Эквадор 29 кушта ва захмӣ

Даргирӣ ва шӯриш дар зиндони шаҳри Guayaquil дар ҷануб-шарқи Эквадор дастикам 9 кушта ва 20 захмӣ барҷо гузошт .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Франсия, шӯриш ва куштори маргбор дар ин зиндон ба далели даргирӣ миёни аъзои зиндонии гуруҳҳои ҷинояткор рӯй дод.

Дар ин даргирӣ шаш нерӯи амниятӣ ҳам захмӣ шуданд. 

Полиси Эквадор бо интишори баёнияе эълом кард ҳоли  бархе аз нерӯҳои полис,ки дар ин шӯриш захмӣ шуданд, ногувор аст. 

Эквадор 50 зиндон дорад, ки 38 ҳазор нафар дар онҳо маҳбус ҳастанд.

Зиндонҳои Эквадор ҳам акнун 30 дар сади пеш аз зарфияти худ зиндонӣ дорад. 

Бӯҳрони коронавирус ва бим аз шуюи он дар зиндоҳо мақомоти Эквадорро ба он дошт то барои ҷурмҳои кучак ба ҷои ҳабс муҷозотҳои ҷойгузин таъин кунанд .

Иҷрои ин тадбир, ҷамъияти изофаи зиндонҳои Эквадорро ки қабл аз ҳамагирии коронавирус 42 дарсад буд ба 30 дар сад коҳиш ёфт. 

Барчасп