Август 05, 2020 17:11 Asia/Dushanbe
  • Кумаки 380 миллиондолларии Бонки Ҷаҳонӣ ба Афғонистон

Бонки Ҷаҳонӣ 380 миллион доллар ба Афғонистон барои муқобила бо вируси корона ихтисос дод.

Расонаҳои Афғонистон эълом карданд, ин маблағ қарор аст дар ихтиёри давлати ин кишвар қарор гирад то ба хонаводаҳои осебпазир ва фақир дода шавад.

Вазорати беҳдошти Афғонистон имрӯз эълом кард, дар бистучаҳор соати гузашта 47 нафари дигар дар ин кишвар ба вируси корона мубтало шудаанд, ки шумори кулли мубталоён ба 36 ҳазору 829 нафар расидааст.

Ҳамчунин дар 24 соати гузашта шаш нафари дигар бар асари корона дар Афғонистон ҷон бохтанд, ки шумори кулли ҷонбохтагон ба 1294 нафар афзоиш ёфт.

Аммо манобеи ғайрирасмӣ шумори беморони коронаиро дар Афғонистон 10 баробари омори расмӣ медонанд.