Август 05, 2020 19:09 Asia/Dushanbe
  • Райс ва Ҳарис - ду гузинаи ниҳоии Байден барои муовинати раёсатҷумҳурӣ

Сюзан Райс, мушовири амнияти миллии давлати Абама ва сенатор Комоло Ҳарис - ду гузинаи ниҳоии номзади демократи интихоботи Амрико барои муовинати раёсатҷумҳурӣ ҳастанд.

Ба гузориши “Форс”, бо наздик шудан ба ваъдаи баргузории конвенсиюни миллии Ҳизби демократ барои таъйини расмии номзади ин ҳизб, баҳри интихоботи раёсатҷумҳурии 13 обон (3 ноябр 2020) дар Амрико, як расонаи амрикоӣ аз маҳдуд шудани гузинаҳои ниҳоии Ҷо Байден барои мансаби муовинати раёсатҷумҳурӣ ба ду нафар хабар дод.

Феҳристи гузинаҳои мадди назари ӯ барои пости муовинати раёсатҷумҳурӣ ба Сюзан Райс ва Комоло Ҳарис маҳдуд шудааст.

Муътамидон ва наздикони Ҷо Байден хабар доданд, аз назари онҳо феҳристи мадди назари Байден барои ин мансаб ба ин ду нафар маҳдуд шуда ва агар вай фарди дигаре ғайр аз ин дуро ба унвони гузинаи ниҳоии муовинати раёсатҷумҳурӣ таъйин кунад, онҳо шигифтзада хоҳанд шуд.

Тибқи ин гузориш, интизор намеравад, ки Ҷо Байден тайи ин ҳафта гузинаи мадди назари худ барои муовинати раёсатҷумҳуриро эълом кунад.