Як кушта бар асари даргирӣ дар марзи Афғонистон ва Покистон
(last modified Thu, 06 Aug 2020 09:39:20 GMT )
Август 06, 2020 14:39 Asia/Dushanbe
  • Як кушта бар асари даргирӣ дар марзи Афғонистон ва Покистон

Як нерӯи марзбонии артиши Покистон дар даргирӣ бо нерӯҳои марзбонии Афғонистон кушта шуд.

Артиши Покистон рӯзи панҷшанбе дар баёнияе эълом кард, террористҳо аз дохили хоки Афғонистон мавозеи нерӯҳои покистониро дар он сӯи марз ҳадаф қарор доданд ва ҳамзамон нерӯҳои марзии Афғонистон низ ба сӯи нерӯҳои покистонӣ, тирандозӣ  карданд.

Бар асоси ин гузориш, дар ин тирандозӣ ду нерӯи марзбонии дигари Покистон ҳам захмӣ шуданд.

Вазорати умӯри хориҷаи Покистон ҳам дар баёнияе зимн маҳкӯм кардани ҳамалот ба нерӯҳои ин кишвар дар марзи муштарак бо Афғонистон, ҳушдор дод, ки ин вазъият созу кори дуҷониба барои ҳамкориро таҳти таъсир қарор ме‌диҳад.

Покистон ва Афғонистон бар сари масоиле, аз ҷумла хати фарзии "Дюран" ва эҷоди таъсисоти марзӣ ихтилоф доранд ва ҳамчунин якдигарро ба ҳимоят аз тероризм муттаҳам ме‌кунанд.