Дабири Шӯрои амнияти Русия: Амрико боиси пайдоиши ДИИШ шуд
Дабири Шӯрои амнияти Русия эълом кард, сиёсатҳои мухарриби Амрико дар минтақаи ғарби Осиё мунҷар ба пайдоиши гуруҳи террористии ДИИШ шуд.
Ба гузориши шабакаи дуввуми телевизиони давлатии Русия, Николай Патрушев рузи панҷшанбе бо баёни инки пас аз таҳоҷуми нерӯҳои амрикоӣ ба Ироқ, гуруҳи террористии ДИИШ ба вуҷуд омад, гуфт, сиёсати ҳарҷу мараҷи мудирият шуда, ки Амрико ва муттаҳидонаш дар ғарби Осиё иҷро карданд, сабаби вуқуъи муноқишаҳои мазҳабӣ ва таҳқири эҳсосоти миллӣ дар кишварҳои арабии ин минтақа шуд.
Асноди мунташир шуда дар расонаҳои ғарбӣ пештар фош карда буданд, ки давлатҳои мухталифи Амрико ба сурати сиррӣ дар Сурия ва Ироқ аз террористҳо барои расидан ба аҳдофи худ ва тазъифи давлатҳои ин кишварҳо истифода кардаанд.
Бар асоси иттилооти ин манобеи хабарӣ, Амрико дар солҳои гузашта бавижа дар ҳангоми ишғоли Мусил ва бахшҳое аз Ироқ тавассути ДИИШ, махфиёна ба ин гурӯҳи террористӣ кумак кард ва таслеҳоту муҳиммоти лозимро дар ихтиёри онон қарор дод.