Август 06, 2020 17:51 Asia/Dushanbe
  • Интиқод аз ҷиноёти Амрико дар Ҷопон

Пойгоҳи хабарии ҳақоиқи Қафқоз дар гузорише интиқодӣ эълом кард, бомбаборони атомии шаҳрҳои Ҳирошима ва Нагасакии Ҷопон тавассути Амрико, ду амалиёти атомии ҷинояткорона ва зидиинсонӣ буд, ки пас аз 75 сол ҳамчунон бар касе пӯшида нест.

Дар ин гузориш омадааст, дар ин ду амалиёт, ду бомби атомӣ дар рӯзҳои шашум ва нуҳуми август дар соли 1945 рӯи шаҳрҳои Ҳирошима ва Нагасаки андохта шуд ва боиси вайронии густарда ва куштори ҳудӯди 220000 нафар аз шаҳрвандони бегуноҳи ин ду шаҳр гардид.

Бинобар ин гузориш, бомбаборони атомии шаҳрҳои Ҳирошима ва Нагасаки, ки то ба имрӯз танҳо мавориди истифодаи ҷангӣ аз силоҳи ҳастаӣ дар ҷаҳон аст, тавассути Амрикои муддаии ҳимоят аз ҳуқуқи башар анҷом гирифтааст.

Ин гузориш афзуд, ҷолиб ин ки Амрико, ки дар ҳоли ҳозир бузургтарин зарродхонаи силоҳҳои ҳастаӣ ва куштори ҷамъиро дар ихтиёр дорад, ба баҳонаи дастёбии кишварҳои мухолифи сиёсатҳои султаҷӯёнааш ба силоҳи ҳастаӣ даст ба таҳримҳои густардае алайҳи онҳо аз ҷумла Ҷумҳӯрии Исломи Эрон задааст.

Ин дар ҳоле аст, ки режими ишғолгари Қудс, ки мавриди ҳимояти комил ва ҳамаҷонибаи Амрико қарор дорад, бо дар ихтиёр доштани силоҳҳои ҳастаӣ ҳар рӯз машғӯли ҷиноят алайҳи мусулмонони фаластинӣ ва тавсеъаталабии арзии рӯзафзӯн дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин аст.