Фармонҳои иҷроии Трамп алайҳи ТикТок ва ВиЧат
Раиси ҷумҳури Амрико бо имзои фармоне иҷрои ҳар гуна тарокуниш бо ширкати чинии молики програмаи ТикТок, "Бойт Данс"-ро мамнуъ кард, фармоне, ки 45 рӯз баъд аз имзо шудан иҷроӣ мешавад.
Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, дар матни санади ин фармони имзошуда аз сӯи Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико омадааст, аз 45 рӯз баъд аз таърихи ин фармон иқдомоти зер то сатҳӣ, ки тавассути қонуни қобили иҷро муҷоз дониста шуда, маҳдуд мешаванд: Ҳаргуна тарокуниш тавассути ҳар шахс ё аз ҷониби ҳар дороии машмули ҳавзаи қазоии Амрико, бо ширкати Бойт Данси Пекин, Чин ё ширкатҳои тобеиятӣ, ки чунин ширкате дар он манофее дорад.
Дар идомаи матни ин санад гуфта шуд: Густариши програмаҳои мобелии таҳти тавлид ва моликияти ширкатҳои Ҷумҳурии халқи Чин ҳамчунон муҷиби таҳдиди амнияти миллӣ, сиёсати хориҷӣ ва иқтисоди Амрико мешавад. Дар ин мақтаъ бояд иқдоме дар ҷиҳати муқобила бо таҳдиди эҷодшуда аз сӯи як програмаи мобелӣ, ба таври мушаххас ТикТок, иттихоз шавад.
Трамп ҳамчунин фармоне иҷроӣ ҳам ба ҷиҳати мамнуъ кардани ҳар гуна тарокуниши муртабит бо ширкати чинии молики програмаи мобелии "ВиЧат" таҳти унвони ширкати "Тенсент Ҳолдингз" имзо кард, ки он ҳам аз 45 рӯз баъд аз имзо иҷроӣ мешавад.
Дар санади марбут ба ин фармон низ унвон шуд: Програмаи ВиЧат ба унвони як програмаи паёмрасон, шабакаи иҷтимоӣ ва пардохти электроник, ки таҳти моликияти ширкати чинии "Тенсент Ҳолдингз" аст бар асоси гузоришҳо болиғ бар як миллиард корбар дар саросари ҷаҳон аз ҷумла корбароне дар Амрико дорад.