Август 09, 2020 09:34 Asia/Dushanbe
  • Ангушти иттиҳоми Русия ба сӯи Украина дар моҷарои боздоштҳо дар Беларус

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Русия бидуни ишора ба номи Украина, ин кишварро ба даст доштан дар моҷарои дастгирии 33 шаҳрванди рус дар Беларус муттаҳам кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Мария Захарова рӯзи шанбе дар як ҳамоиши сиёсӣ-омӯзишии ҷавонон бо унвони «Қаламрави тафаккурот-2020» дар ҳумаи Маскав, моҷарои дастгирии 33 шаҳрванди рус дар ҷумҳурии Беларусро "дасисачинии кишвари севум" хонд.

Захарова  гуфт: Аз қароин чунин бар меояд, ки ин иқдом дасисаи кишвари севум буд, аммо як ҳафтааст, ки мардуми Беларусро бо ин масъала машғул кардаанд ва ҳатто онро амалиёти вижаи тарафи рус барои эъзоми неруҳои омӯзишдида ба кишвари ҳамсоя хондаанд.

Ҳафтаи гузашта 33 шаҳрванди рус дар ҳумаи Минск дастгир шуданд, ки гуфта мешавад узви ширкати хусусии амниятии Вагнири Русия ҳастанд.

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина аз ҳамтои Беларуси худ хостааст боздоштшудагони русро ба Украина таҳвил диҳад.

Рӯзномаи русии Камсамолская Правда ба нақл аз як мақоми созмонҳои амниятии Русия навишт: Боздошти 33 шаҳрванди Русия дар Беларусро созмонҳои иттилоотии Украина барномарезӣ кардаанд.

Ба гуфтаи ин мақом, ки номаш фош нашудааст, чанд нафар, ки худро коркунони ширкати Рус нафт муаррифӣ карда буданд эълом карданд, ки дар паи истихдоми нигаҳбонон барои марокизи нафтии ин ширкат дар хориҷ ҳастанд ва ба ин тартиб шаҳрвандони русро фиреб додаанд.

 

Барчасп