Садумин рӯзи бидуни корона дар Зеландияи нав
Зеландияи нав садумин рӯзи бидуни коронаро пушти сар гузошт.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ассошейтед Пресс, Зеландияи нав рӯзи якшанбе ҳаштуми август садумин рӯзи бидуни коронаро пушти сар гузошт ва зиндагӣ барои бештари мардум дар ин кишвари панҷмиллионии Уқёнусия ба ҳолати оддӣ бозгаштааст.
Зеландияи нав дар варзишгоҳҳо ба тамошои мусобиқоти регби минишинанд ва бидуни тарс аз мубтало шудан ба КОВИД-19 дар қаҳвахонаҳо ва ресторанҳо ҳузур меёбанд.
Бо ин ҳол гурӯҳе нигаронанд кишварашон беш аз андоза осонгир шудааст ва мумкин аст омодагӣ барои рӯ ба рӯ шудан бо мавҷи нави вируси коронаро аз даст диҳад.
Зеландияи нав дар охирҳои моҳи март ва замоне, ки танҳо 100 мавриди КОВИД-19 гузориш шуда буд, бо иҷрои маҳдудиятҳои шадиди иҷтимоӣ ва карантина аз густариши он ҷилавгирӣ кард.
Дар 100 рӯзи гузашта танҳо теъдоди ангуштшуморе, ки аз марзҳои ин кишвар ворид шуда буданд ба КОВИД-19 мубтало шудаанд.
Ба бовари коршиносон, таркибе аз иҷрои дақиқи усули илмӣ ва мудирияти матлуби сиёсӣ дар Зеландияи нав ба нобудии вируси корона мунҷар шуда; то ҷое, ки бисёре аз кишварҳо мекӯшанд аз улгуи Зеландияи нав барои мубориза бар зидди корона истифода кунанд.