Август 10, 2020 08:44 Asia/Dushanbe
  • Баргузории бозиҳои Иттиҳодияи кишварҳои муштаракулманофеъ моҳи октябр дар Козони Русия

Варзишкорони кишварҳои узви Иттиҳодияи кишварҳои муштаракулманофеъ моҳи октябр дар Козони Русия бо якдигар рақобат мекунанд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз вебгоҳи Иттиҳодияи кишварҳои муштаракулманофеъ, 3193 довталаб аз 64 кишвари ҷаҳон ва 81 минтақаи Русия хостори ширкат дар ин мусобиқот буданд, ки аз ин теъдод 2500 варзишкори 14 то 23 сол барои ҳузур дар ин мусобиқот интихоб шуданд.

Ин мусобиқот дар 14 маркази варзишии шаҳри Козони Русия ва дар риштаҳои варзишии бадминтон,баскетбол, бокс, куштии олиш, ватерполо, волейболи соҳили, куштӣ, вазнабардорӣ, дзюдо, карате, тенниси рӯи миз, шино, шамшербозӣ, футзал, гимнастик ва шоҳмат баргузор хоҳад шуд.

 810 довар низ ин мусобиқоти варзиширо қазоват хоҳанд кард.

Ин бозиҳо қарор буд  дар августи имсол баргузор шавад, аммо ба далели шуйюи корона тасмим гирифта шуд ба моҳи октябр ба таъхир афтад.