Мубтало шудани 15 ҳазор нафар ба коронавирус дар Русия
(last modified Mon, 10 Aug 2020 13:06:15 GMT )
Август 10, 2020 18:06 Asia/Dushanbe
  • Мубтало шудани 15 ҳазор нафар ба коронавирус дар Русия

Теъдоди ҷонбохтагони ба коронавирус мубтало шуда дар Русия ба 15 ҳазору як нафар расид.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ирна; Шумораи мубталоён дар паҳновартарин кишвари ҷаҳон бо ибтилои панҷ ҳазору 118 бемор дигар дар 24 соат гузашта ба наздики  900 ҳазор нафар расидааст, ки аз ин теъдод токунун наздик ба 700 ҳазор нафар низ дармон шудаанд. 
 
 Бархе аз мутахассисони рус ҳушдор додаанд, ки дар тирамоҳ мумкин аст русҳо бо як давраи шадидтар аз бемории корона рӯбарӯ шаванд. 
 
 Арк Тутулиян мутахассиси вирусшиноси академияи улуми Русия гуфтааст: агарчи ҳанӯз таркиби уфунатҳои фасли бо корона собит нашудааст,  аммо пешбинӣ мешавад бо таваҷҷуҳ ба густариши анвои сармохӯрдагӣ дар фасли тирамоҳ, башар бо мушкилоти бештаре дар муқобила бо ин бемори рӯбарӯ шавад. 
 
 Русия чанд ҳафта пеш аз кашф ваксинаи корона дар ҷаҳон хабар дод ва тибқи гуфта мақомоти беҳдошти ин кишвар, чаҳоршанбеи ин ҳафта ин ваксина ба сабт хоҳад расид ва то пеш аз оғози тирамоҳ , нахуст ба кодри дармон ва афроди миёнсол тазриқ хоҳад шуд. 
 
 Бо таваҷҷӯҳ ба поён наёфтани озмоишҳои болинии ин воксан, русҳо феълан хаёл надоранд, ки онро ба кӯдакон тазриқ кунанд. 
 
 Кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Америка ва Англис иддаои Русияро таблиғотӣ мехонанд ва ҳатто ин кишварро ба ҳамла хакери барои касби иттилооти марокизи озмоишгоҳии худ дар заминаи сохти ваксина муттаҳам мекунанд. 
 
 Бо ин вуҷуд акнун Русия танҳо кишвар ҷаҳон аст, ки ваксинаи мавриди назари худро бар рӯйи инсонҳо озмоиш карда ва муддаӣ аст, ки онҳо дар шароити комилан хубе қарор доранд.

Барчасп