Мондагории Лукашенко бар курсии қудрат дар Белорус (гузориши видеоӣ)
https://parstoday.ir/tg/news/world-i56329-Мондагории_Лукашенко_бар_курсии_қудрат_дар_Белорус_(гузориши_видеоӣ)
Шашумин интихоботи Белорус дар ҳоли бо аммо ва агарҳои бисёр поён ёфт, ки Александр Лукашенкои 66 сола беш аз 80 дар сади овозҳоро ба даст овардааст, то ҳамчунон тулонитарин давраи раёсати ҷумҳурӣ худ дар Қораи Сабзро дар ихтиёр дошта бошад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 10, 2020 18:41 Asia/Dushanbe

Шашумин интихоботи Белорус дар ҳоли бо аммо ва агарҳои бисёр поён ёфт, ки Александр Лукашенкои 66 сола беш аз 80 дар сади овозҳоро ба даст овардааст, то ҳамчунон тулонитарин давраи раёсати ҷумҳурӣ худ дар Қораи Сабзро дар ихтиёр дошта бошад.

Александр Лукашенкои 66 сола, ки 26 сол аст замони қудратро дар Белорус дар даст дорад, дирӯз якшанбе барои шашумин бор олитарин мақоми ҳукумати ин кишварро ба даст овард; агарчи ин бор ҳам мухолифони ӯ ба хиёбонҳо омаданд ва Минск саҳнаи эътирозоти густардаи мардумӣ ба натоиҷи интихобот буд.