Август 10, 2020 19:45 Asia/Dushanbe
  • Чин 11 мақоми Амрикоро таҳрим кард

Сухангӯи хадамоти дипломатии Чин гуфт, ки кишвараш ба 11 мансабдори ИМА барои дахолат ба корҳои Ҳонгконг таҳримот ҷорӣ кардааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ирна; «Чжао Ли Цзян» рӯзи душанбе дар нишасти хабарӣ дар ҷамъи хабарнигорон дар Пекин афзуд: ин муҷозотҳо барои 11 мақоми амрикоӣ, аз ҷумла сенаторҳои Марко Рабио ва Тед Круз аз имрӯз эъмол мешавад. 
 
 Ин мақоми Вазорати умури хориҷаи Чин ҳамчунин аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хост то авзоъро ташхис дода ва аз мудохила дар умури дохилии Чин ҷилавгирӣ кунад. 
 
 Амрико се рӯз пеш мудири иҷроии Гонконг ва 10 мақоми дигарро ба баҳонаи маҳдуд кардани «озодиҳои сиёсии ин минтақа» таҳрим карда буд. 
 
Вазорати хазонадори Амрико муддаӣ шуд, ки Чин бо иҷрои қонуни амнияти ҷадиди худмухторӣ, Гонконгро тазъиф ва заминаро барои сонсури расонаҳое, ки рӯйкарди дӯстона ба Чин надоранд, фароҳам кардааст. 
 
 Ин таҳримҳо, дороиҳои мақомҳои Гонконг дар Амрикоро масдуд карда ва ҳамкории  амрикоиҳо бо онҳоро мамнӯъ мекунад. 
 
 Танишҳо миёни Чин ва Амрико ҳар рӯз дар ҳоли афзоиш аст ва таҳлилгарон мӯътақиданд, ки тирагӣ дар равобити ду кишвар ба болотарин ҳадд дар даҳаҳои ахир расидааст.

Барчасп