Рози муваффақияти Зеландияи Нав дар бартараф кардани коронавирус
Тайи сад рӯзи гузашта ҳеҷ мавриди ҷадид аз ибтило ба корона дар Зеландияи Нав дида нашудааст.
Ба гузориши радиои бурунмарзи Садои Хуросони Разавӣ, Вазорати беҳдошти Зеландияи Нав хабар дод, ки тайи сад рӯзи гузашта ҳеҷ мавриди ҷадиде аз бемории Ковид-19 дар ин кишвар мушоҳида нашудааст ва дар тайи ин муддат фақат 23 мавриди ибтило ба корона дар ин кишвар, ки аз хориҷи ин кишвар омада буданд, дар қарнтина ва муроқибатҳои вижа қарор доранд.
Сарвазири Зеландияи Нав Ҷессинда Арден муваффақияти кишварашро дар як сухани кӯтоҳ ҷамъбаст мекунад: “Мо онро сахт гирифтем ва зуд амал намудем."
Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ улгуи мудирияти сахтгиронаи давлати Зеландияи Нав дар баробари буҳрони коронаро таҳсин кардааст. Зеландияи Нав дар расонаҳо ва маҳофили беҳдоштии ҷаҳонӣ ба унвони муваффақтарин кишвар дар амри мубориза бо корона лақаб гирифтааст.
Зеландияи Нав бо вуҷуд пок шудан аз корона, эълом карда ҳамчунон марзҳои худро ба рӯйи вуруди атбои хориҷӣ баста нигаҳ медорад ва фақат шаҳрвандони Зеландияи Нав метавонанд вориди ин кишвар шаванд.
Зеландияи Нав аз 15 марти соли ҷории мелодӣ (25 исфанд 98) ва замоне, ки нахустин мавриди ибтило ба вируси коронаро кашф кард, бо 1569 мавриди ибтило ба вируси корона танҳо 22 марг короноӣ дошта ва тибқи эъломи Вазорати беҳдошти ин кишвар, ҳамакнун танҳо 23 мавриди бемории короноӣ дар ин кишвар ҳаст, ки аз шаҳрвандоне ҳастанд, ки аз хориҷ вориди Зеландияи Нав шуда ва пас аз мусбат шудани тестҳояшон таҳти назорат ва қарнтина қарор доранд.
Ин кишвар ҷазирае воқеъ дар Уқёнуси ором аз авосити моҳи июни имсол эълом кард аз вуҷуди вируси корона пок шуда ва ҳеҷ мавриде аз бемории Ковид-19 дар ин кишвар вуҷуд надорад. Зеландияи Нав аз нимаи июн маҳдудитҳои қарнтинаи саросариро бардошт, аммо ҳамчунон марзҳои ин кишвар таҳти назорат қарор доранд ва аз тамоми мусофироне, ки ба ин кишвар ворид мешаванд тести корона гирифта мешавад.