Август 11, 2020 15:20 Asia/Dushanbe
  • Иқтисоди Русия зери бори корона камар хам кард

Дар паи шуйюи корона Бонки марказии Русия аз коҳиши 98 дарсадии сармоягузории хориҷӣ дар Русия аз моҳи январ то моҳи марти соли 2020 дар муқоиса бо давраи замонии мушобеҳи соли гузашта хабар додааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Элвира Набиюлина- раиси Бонки марказии Русия эълом кард: Сармоягузории мустақими хориҷӣ дар Русия дар се моҳи ибтидоии имсол дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли гузашта, ҳокӣ аз коҳиши 98 дарсадӣ аст.

Бонки марказии Русия эълом кардааст: Дар се моҳи нахусти соли 2020, 200 миллион доллар сармоягузории мустақими хориҷӣ дар Русия анҷом шудааст.

Дар ҳамин ҳол вазири кору ҳимоятҳои иҷтимоии Русия ҳам аз таъсири корона бар рушди бекорӣ дар ин кишвар хабар дод ва гуфт: Шумори расмии бекорон дар Русия ба 2 миллиону 90 ҳазор нафар расидааст

Антон Котияков- дар ин пайванд гуфт: Рушди шумори бекорон дар Русия, се моҳаи севуми соли 2020-ро душвортарин давраи бозори кор мекунад зимни ин ки раванди афзоиши бекорон идома дорад.

Гузоришҳо аз минтақаҳои Русия ҳокӣ аст, ки бемории корона бар иштиғоли мардум таъсир гузошта ва мумкин аст бо идомаи буҳрон дар моҳҳои оянда, миллионҳо нафар дар Русия кори худро аз даст бидиҳанд.

Муовини утоқи саноат ва бозаргонии Русия ба тозагӣ ҳушдор дод, ки бемории корона мумкин аст ба варшикаста шудани 3 миллион корфармои рус ва бекор шудани 8.6 миллион нафар хатм шавад.

Дар ҳамин замина Кумитаи омори давлатии Русия (Рус Стат) аз коҳиши ҳашт дарсадии даромади воқеии мардуми ин кишвар ба далели шуйюи корона хабар дод.

Даромади воқеӣ ба даромаде гуфта мешавад, ки пас аз касри пардохти андоз ва суғурта ва нафақа боқӣ мемонад.

Дар  ҳамин ҳол радиои Эко Маскав дар гузорише эълом кард, ки даромади корфармоёни Русия бар асари корона ба поинтарин сатҳ дар 20 соли ахир расид.

Ин ҳама дар ҳоле аст, ки Владимир Путин- раиси ҷумҳури Русия аз оғози мавҷи дувуми корона дар тирамоҳ дар ин кишвар ибрози нигаронӣ кардааст зеро, ки дар он сурат дубора бояд тадбирҳои маҳдудкунанда ба кор гирифт ва карантини мардум, бар вазъи иқтисодии кишвар таъсири манфӣ хоҳад гузошт.

Ба ақидаи коршиносон, рафъи паёмадҳои корона дар Русия, байни як то чаҳор сол замон мебарад ва ин масъала эҳтимоли рекуди шадиди иқтисодӣ дар солҳои ахир дар ин кишварро афзоиш медиҳад.

 

Барчасп