Август 11, 2020 16:56 Asia/Dushanbe
  • Рақиби асосии Лукашенко дар интихобот ба Литва фирор мекунад

Вазири корҳои хориҷии Литва вуруди рақиби асосии раисҷумҳури Белорус дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишварро ба Литва тасдиқ кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ирна, Вазири корҳои хориҷии Литва Линас  Линас Линк Визиус дар Твиттер навишт, ки Светлана Тихановская рақиби асосии Александр Лукашенко дар интихоботи президентии Беларус аст. 
 
Ин дар ҳоле аст, ки давлати Белорус рӯзи душанбе эълом карда буд тарҳи террори Тихоновскаяро ба даст овард ва гурӯҳи таблиғотии ӯ пас аз тарки бинои комиссияи интихоботӣ, бо ӯ тамос гирифта наметавонанд. 
 
Тихоновская қаблан зимни напазируфтани шикаст дар интихоботи раёсати Ҷумҳурии Белорус гуфта буд, ки худро барандаи интихобот медонад.

Комиссияи марказии интихоботии Беларус (КҲИ) рӯзи якшанбе (9 август) эълом кард, ки Лукашенко дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар бо касби  80 дарсади овозҳоро ба даст овардааст, ки вокунишҳои бисёреро  ҳам дар дохил ва ҳам берун аз Беларус ба ҳамроҳ дошт.

Тибқи иттилои Комиссияи марказии интихоботи Беларус, хонум Тихоновская низ 9,9 дарсади овозҳоро ба даст овардааст.

Дарҳол пас аз эълони расмии натиҷаҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии  Беларус, эътирозгарон бо баргузории тазоҳурот дар кӯчаҳои шаҳри, Минск дар эътироз ба натиҷаи интихобот ва пирӯзии Лукашенко бо полис даргир шуданд, ки токунун ду нафар кушта, даҳҳо нафарро захмӣ  ва садҳо нафарро низ боздошт шудаанд.