Октябр 08, 2016 11:51 Asia/Dushanbe
  • Вуҷуди ифротиҳои Осиёи Марказӣ пушти пардаи ҷанги Кундуз

Сухангӯи Вазорати дифои Афғонистон гуфт, ҳамлаи мусаллаҳонаро ба Кундуз «Ансоруллоҳ» ва Ҳаракати исломии Узбакистон раҳбарӣ мекунанд.

Ба гузориши хабаргузории "Форс", Давлат Вазирӣ, сухангӯи Вазорати дифои Афғонистон дар мусоҳиба бо расонаҳои ин кишвар гуфта, ки дар даргириҳои ахири вилояти Кундуз созмонҳои ифротӣ, назири «Ансоруллоҳ» ва Ҳаракати исломии Узбакистон дахолати мустақим доранд. Ӯ афзуд, дар даргириҳои ахири вилояти Кундуз ҷангҷӯён аз Африқо, Покистон, Филиппин, Бангладеш, Чин ва Узбакистону Тоҷикистон ширкат доранд ва бо нерӯҳои амниятию дифоии Афғонистон даргир ҳастанд.

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати дифои Афғонистон, шаҳрвандони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ба лиҳози ин ки Кундуз дар наздикии кишварҳои ин минтақа қарор дорад, дар ин даргириҳо ҳузур ёфтаанд ва алайҳи нерӯҳои Афғонистон ба шиддат меҷанганд.

Шаби шанбеи ҳафтаи гузашта шаҳри Кундуз аз сӯйи Толибон ҳадафи ҳамла қарор гирифт ва баъзе қисматҳои ин шаҳри роҳбурдӣ ба тасарруфи онҳо даромад. Агарчи бо вуруди нерӯҳои Афғонистон ба ин шаҳр Толибон қисматҳои тасарруфнамудаи ин шаҳрро тарк карданд, аммо бархе аз манотиқи ин вилоят ҳанӯз таҳти тасарруфи онҳо қарор дорад.