Омода шудани ваксинаи русии Ковид – 19 то ду ҳафтаи дигар
https://parstoday.ir/tg/news/world-i56422-Омода_шудани_ваксинаи_русии_Ковид_19_то_ду_ҳафтаи_дигар
Вазири беҳдошти Русия аз тавлиди нахустин бастаи ваксинаи корона дар ду ҳафтаи оянда хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 12, 2020 14:12 Asia/Dushanbe
  • Омода шудани ваксинаи русии Ковид – 19 то ду ҳафтаи дигар

Вазири беҳдошти Русия аз тавлиди нахустин бастаи ваксинаи корона дар ду ҳафтаи оянда хабар дод.

Ба гузориши “Спутник”, Михаил Мурашко эълом кард, ки дар ду ҳафтаи оянда бастаҳои аввали ваксинаи русии зиддикорона барои истифода омода мешавад.

Пеш аз ин Владимир Путин, раисҷумҳури Русия 11 август дар нишасти аъзои давлат эълом карда буд, ки ваксинаи зиддикорона дар Русия ба сабт расидааст.

Владимир Путин гуфт, ки духтараш ҷузъи касоне аст, ки ин ваксина ба вай тазриқ шудааст.

Вай гуфта буд: “То он ҷо, ки ман медонам, Русия аввалин кишвари ҷаҳон аст, ки ваксинаи зидди вируси коронаро ба сабт расонидааст”.

Аз сӯи дигар, сухангӯи Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ ҳам гуфт, ки мо бо мақомоти рус дар бораи ваксинаи корона дар тамос ҳастем.

Вай гуфт, тибқи равияи Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ, коршиносони созмон бояд ин ваксинаро арзёбӣ ва контрол кунанд то бо стандартҳои тавлиди ваксина дар сатҳи байналмилалӣ мутобиқат дошта бошад.

Нахустин ваксинаи Ковид -19 –и русӣ ба таври муштарак аз сӯи муассисаи таҳқиқотии Гамалеи ва Вазорати дифои Русия тавлид ва озмоишҳои болинии он 18 июн оғоз шуд, ки ҳамаи 38 довталаби он дар баробари ин беморӣ эминӣ ёфтанд.

Маскав мегӯяд, то кунун бист кишвар дар маҷмуъ як миллиард доза аз ваксинаи коронаии сохти Русияро супориш додаанд.

Манобеи расмии Русия сешанбе эълом карданд, ваксинаи Русия барои корона ба ёди нахустин моҳворае, ки Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравии собиқ ба фазо партоб кард, “Спутник” номгузорӣ шуд.

Тавлиди санъатии ваксинаи Русия аз моҳи сентябр оғоз мешавад.