Август 13, 2020 08:56 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Созмони Милалли Муттаҳид аз саркуби муътаризон дар Беларусия

Камисари олии ҳуқуқи башари Созмони Милалли Муттаҳид хушунати пулиси Беларусия алайҳи эътирозгаронро дар ин кишвар маҳкум кард.

Ба нақл аз Рейтерз ,Мичел Бачла шомгоҳи чоршанбе бо интиқод аз истифодаи пулиси Беларусия аз гулулаи пластикӣ ва норинҷаки садодор барои муқобила бо муътаризон , дастгириҳои густарда дар ин кишварро поймол кардани ошкори стандардҳои байналмилаллии ҳуқуқи башар донист.

Вай бо ишора ба гузоришҳои хиду нақиз аз рафтори номуносиб бо боздоштшудагон хостори таҳқиқ дар ин замина ва озодии ҳамаи касоне шуд ,ки ғайриқонунӣ боздошт шудаанд.

Эътирозҳо дар Беларусия ба натиҷаи интихоботи ахир дар ин кишвар ,ки ба пирӯзии дубораи Лукашенко анҷомид , рӯзи чоршанбе дар севвумин рӯзи паё пай идома дошт ва Вазорати умури дохилии ин кишвар аз дастгирии дасти кам шаш ҳазор нафар дар се рӯзи ахир хабар додааст.

Раҳбарони мухолифон дар паи саркуби густарда пас аз интихобот ва пирӯзии дубораи  Александ Лукашенко зиндонӣ шуда ва ё ба хориҷ аз кишвар гурехтаанд.

Барчасп