Гирдиҳамоии даҳҳо ҳазорнафарии мӯътаризон дар Минск+ видео
(last modified 2020-08-17T04:24:27+00:00 )
Август 17, 2020 09:24 Asia/Dushanbe

Ҷамъияти бузурге аз мӯътаризон ба раёсати ҷумҳурии Лукашенко, ки расонаҳои мухталиф теъдоди онҳоро байни 100 ҳазор то 200 ҳазор нафар тахмин заданд, рӯзи якшанбе дар пойтахти Беларус гирди ҳам омаданд.

 Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА , эътирозоти хиёбонӣ алайҳи интихоби дубораи Александр Лукашенко ба раёсати ҷумҳурӣ илова бар Минск- пойтахт, чандин шаҳри дигари Беларусро низ фаро гирифтааст.

 Радиои Эхо Москва эълом кард,ки рӯзи якшанбе дар Минск ибтидо тарафдорони Лукашенко дар майдони Истиқлол таҷаммӯъ карданд ва пас аз он мухолифони вай дар ин майдони марказии пойтахт гирди ҳам омаданд.

Мария Колесникова-намояндаи Светлана Тихоновская-номзади шикастхӯрдаи интихоботи раёсатҷумҳурии Беларус дар ҷамъи мӯътаризон дар Минск гуфт, ки Лукашенко на фақат таҳдид барои мардуми Беларус аст, балки барои истиқлоли кишвар низ таҳдид маҳсуб мешавад.

Вай аз Лукашенко хост, то аз мақоми худ истеъфо диҳад.

Мухолифони Лукашенко барои баргузории эътирозоти густурда барои имрӯз душанбе фарохон додаанд ва интизор меравад ин эътирозот бо ширкати ҳазорон нафар дар шаҳрҳои мухталиф идома ёбад.

 Лукашенко, ки то пеш аз интихобот барои Русия хатту нишон мекашид аз рӯзи шанбе ду бор бо Владимир Путин телефонӣ дар бораи эътирозот дар Беларус гуфтугӯ карда ва хостори кумаки Путин шудааст.