Август 17, 2020 14:48 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши тунди Туркия ба изҳороти Бойден алайҳи Эрдуғон

Вазири умури хориҷаи Туркия изҳороти соли гузаштаи Ҷо Бойден, номзади демократи интихоботи Амрико алайҳи Раҷаб Тайиб Эрдуғонро, ки видеои он ин рӯзҳо мунташир шудааст ба шиддат рад кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Анатолӣ, Мавлуд Човуш Уғлӯ баъд аз дидор бо Майк Помпео ҳамтои амрикоии худ дар Ҷумҳурии Доминикен, изҳороти Ҷо Бойден дар бораи ҳимоят аз мухолифони Эдуғон барои соқит кардан ӯро «ҷоҳилона» ва мояи тааҷҷуб хонд ва гуфт, ки ӯ миллати Туркияро нашинохтааст.

Панҷшанбеи гузашта интишори қисмате аз видеои суханони соли гузаштаи Ҷо Бойден дар фазои маҷозӣ сарусадои зиёде дар Туркия ба по кард.

Номзади  демократи интихоботи риёсатҷумҳурии Амрико дар ин видео мегӯяд Амрико ба раҳбарии ӯ «мавзеъе равшан» дар қиболи «ҳимоят аз раҳбарони мухолифон» дар Туркия хоҳад дошт то битавонанд Раҷаб Тайиб Эрдуғонро шикаст диҳанд.

Вай меафзояд қасдаш ин нест, ки кудатое алайҳи Эрдуғон ба роҳ биафтад балки тарҷеҳ медиҳад ӯ аз тариқи «раванди интихоботӣ» барканор шавад.

Човуш Уғлӯ ҳамчунин дар посух ба саволе дар бораи тавофуқи оддисозии равобити режими саҳюнистӣ ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ гуфт: Мавзеъи Туркия хеле равшан аст. Мо ҳамеша ҳомии Фаластин будаем чаро ки Уршилим (Қудс) ормони муштараки мо аст ва ҳимоят аз он вазифаи Туркия ва дигар кишварҳои мусулмон аст.

 

Барчасп