Август 18, 2020 15:14 Asia/Dushanbe
  • Трамп: Бойден дар интихобот пирӯз шавад Амрико ба Венесуэла табдил мешавад

Раиси Ҷумҳурии Амрико дар корзори интихоботии худ дар Висконсин ҳушдор додааст, ки агар Байден дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ИМА дар соли 2020 пирӯз шавад, ин кишвар ба як Венесуэлаи дигар табдил хоҳад шуд.

Ба  гузориши радиои бурунмарзии Садоии Хуросон, «Доналд Трамп » Раиси Ҷумҳурии Амрико  бомдоди сешанбе ( ба вақти Теҳрон ) дар корзори интихоботии худ дар фурудгоҳи "Ашкуш" Висконсин  ҳушдор дод дар сурате, ки « Ҷо Бойден » номзади демократҳо дар интихоботи 2020 раёсати ҷумҳурии Амрико пирӯз шавад ин кишвар  ба як Венесуэлаи дигари табдил  мешавад.
Вай дар идомаи иттиҳомоташ  алайҳи Бойден гуфт: « Бойден асби троянии сотсиализм  алайҳи Амрико асту ҳеч касе дар кишвар, ки Бойден раисҷумҳури он аст амният нахоҳад дошт.»

 Дар ин таҷаммуъи интихоботӣ , тарафдорони Трамп фарёд заданд : « чаҳор сол  бештар » ва  пас аз он Трамп гуфт ки пас аз он барои чаҳор соли дигар хоҳем  рафт.
 Ин дар ҳоле аст, ки натоиҷи назарсанҷиҳои ҷадид дар Амрико нишон медиҳад Ҷо Бойден ҳамчунон  пештозии худ нисбат ба Доналд Трампро бо ихтилофи қобили таваҷҷуҳ  ҳифз карда аст.
Ба навиштаи рӯзномаи «Индипендент »، назарсанҷии ҷадиди шабакаи « Эн‌ Би Си нюз » ва нашрияи « Волстрит журнал » ки натоиҷи он рӯзи якшанбе мунташир шуд нишон медиҳад, ки Бойден бо 9 дар сади ихтилоф , маҳбубияти бештаре нисбат ба Трамп дорад .