Август 18, 2020 18:33 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Путин ба Меркел дар бораи дахолат дар умури Беларус

Раиси ҷумҳури Русия дар тамоси телефонӣ бо садри аъзами Олмон ҳушдор дод дахолати кишварҳои хориҷӣ дар умури дохилии Беларус мумкин аст ба афзоиши танишҳо биянҷомад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории ТАСС, Дафтари матбуоти кохи Кремлн дар баёнияе эълом кард Владимир Путин рӯзи сешанбе бо Ангела Меркел, садри аъзами Олмон дар мавриди таҳаввулоти Беларус телефонӣ гуфтугӯ кард.

Дар ин тамоси телефонӣ, ки аз сӯи Берлин барқарор шуд ду тараф дар мавриди эътирозот ва нооромиҳои баъд аз баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии Беларус сӯҳбат карданд.

Дар баёнияи Кремлн омадааст: Русия изҳор дошта, ки талоши хориҷӣ барои дахолат дар умури дохилии Беларус қобили қабул нест ва метавонад муҷиби афзоиши танишҳо шавад.

Дар рӯзҳои гузашта, муътаризони бисёре дар шаҳрҳои мухталифи Беларус ба далели интихоби дубораи Александр Лукашенко ба раёсатҷумҳурӣ гирд омаданд.

Лукашенко рӯзи душанбе ибрози омодагӣ кард то аз бахше аз ихтиёроти худ сарфи назар кунад машрут ба ин, ки ин иқдом аз тариқи ислоҳи қонуни асосии Беларус сурат гирад ва пас аз он бар асоси қонуни ҷадид, интихоботи раёсатҷумҳурӣ, парлумонӣ ва органҳои маҳаллии давлатӣ баргузор шавад.

Ба гуфтаи Лукашенко, Ангела Меркел садри аъзами Олмон рӯзи якшанбе бо вай тамос гирифта ва пешниҳоди гуфтугӯ додааст.

 

Барчасп