Октябр 08, 2016 12:44 Asia/Dushanbe
  • Идомаи ҷанг дар Кундуз мардумро овора кардааст

Ҷанг миёни низомиёни Афғонистон бо гурӯҳи Толибон дар шаҳри Кундуз, шимоли Афғонистон вориди шашумин рӯз шуда, даргирӣ миёни ду тараф дар ҷануби ин шаҳр аз шомгоҳи ҷумъа шиддат гирифтааст.

Ба иттилои ИРНА, дар пайи ташдиди даргириҳо дар Кундуз аксари сокинони ин шаҳр аз дишаб то субҳ бедор мондаанд. Ҳамчунин шуморе аз хонаводаҳое, ки аз маҳалли даргириҳо фосила доранд, дар садади хурӯҷ аз ин шаҳр ҳастанд, аммо ҷодаҳо бастааст ва мардум талош мекунанд, пиёда худро ба вилоятҳои дигар бирасонанд...

Чархболҳои низомӣ бар фарози шаҳри Кундуз саргарми гаштзанӣ ҳастанд.

Вазорати дифои Афғонистон низ бо интишор баёнияе эълом кардааст, ки амалиёти поксозии Кундуз аз нерӯҳои Толибон идома дорад.

Гурӯҳи Толибон ҳафтаи гузашта аз чаҳор тараф ба шаҳри Кундуз ҳамла карда, худро ба маркази ин шаҳр расонд.