Август 19, 2020 12:20 Asia/Dushanbe
  • Амрико:  Кореяи Шимолӣ аз 20 то 60 бомбаи атомӣ дорад

Артиши Амрико бомдоди чаҳоршанбе муддаӣ шуд: тахмин зада мешавад, ки Кореяи Шимолӣ байни 20 то 60 бомбаи атомӣ дошта бошад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ирна, бар асоси гузориши арзёбии Вазорати ситоди артиши Амрико, пешбинӣ мешавад Пхенян байни 20 то 60 бомбаи атомӣ ва ду ҳазору 500 то панҷ ҳазор тонна таслиҳоти химиёвӣ дошта бошад. 
 
Дар гузориши артиши Амрико омадааст, ки баид аст Кореяи шимолӣ ҳозир шавад ин ҳаҷм аз таслиҳотро, ки барои ҷилавгирӣ аз тағйири режим дар кишвар нигаҳ доштааст, таҳвил диҳад. 
 
 Бар асоси иддаои артиши Амрико, Кореяи шимолӣ ин имконро дорад, ки солона 6 бомбаи атомии ҷадид тавлид кунад. 
 
Дар бархе аз гузоришҳои ироа шуда ба давлати Амрико гуфта мешавад, ки Кореяи шимолӣ ҳатто метавонад то поёни соли 2020 теъдоди таслиҳоти ҳастаии худро ба 100 адад бирасонад. 
 
Дар ин гузориш ҳамчунин ишора шудааст, ки Ким Чен Ун раҳбари Кореяи шимолӣ шоҳиди сарнавишти Муаммар Қаззофӣ диктатори Либия буда ва намехоҳад чизе мушобеҳ ба он дар Кореяи шимолӣ иттифоқ биафтад. 
 
Доналд Трамп раисҷумҳури Амрико ва Ким Чен Ун раҳбари Пхенян барои аз байн бурдани барномаи таслиҳотии ҳастаии Кореяи шимолӣ дар қиболи ироаи имтиёзоти Амрико аз июни соли 2018 токунун се бор бо якдигар дидор доштаанд. 
 
 Аммо ин музокирот ба думболи ихтилофоти амиқи ду тараф дар мавриди халъи таслиҳоти ҳастаии Кореяи шимолӣ ва коҳиши таҳримҳои Амрико бо шикаст мувоҷиҳ будааст.

Барчасп