Барканории вазири хориҷаи Уммон ба далели гуфтугӯ бо ҳамтои саҳюнистӣ
Рӯзномаи саҳюнистӣ навишт: сабаби барканории Юсуф ибни Алавӣ-вазири хориҷаи Уммон гуфтугӯи телефонии ӯ бо ҳамтои исроилӣ буд.
Ба гузориши Садои Хуросон, пойгоҳи интернетии рӯзномаи саҳюнистии Гааретс навишт: Султони Уммон рӯзи сешанбе Юсуф ибни Алавӣ-вазири хориҷаи ин кишварро як рӯз баъд аз гуфтугӯи вай бо Габи Ашкинази-ҳамтои исроилиаш дар бораи тавофуқи оддисозии равобит миёни Исроил ва Аморот, аз кор барканор кард.
Гуфтанӣ аст вазорати умури хориҷаи Уммон рӯзи душанбе эълом кард: Юсуф ибни Алавӣ ибни Абдуллоҳ-вазири умури хориҷаи ин кишвар бо вазири умури хориҷаи режеми саҳюнистӣ ва ҳамчунин як мақоми гурӯҳи сиёсии фаластинии Фатҳ, телефонӣ гуфтугӯ кардааст.
Бар асоси ин гузориш, Юсуф ибни Алавӣ эълом карда буд,ки аз тасмими рӯзи панҷшанбеи Амороти арабии муттаҳида барои оддисозии равобит бо режеми саҳюнистӣ ҳимоят мекунад.
Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид-султони Уммон, рӯзи сешанбе Бадр ал-Бусаъидиро ба унвони вазири хориҷаи нави ин кишвар мансуб кард.
Юсуф ибни Алавӣ 23 сол масъули умури хориҷаи Уммон буд.