Ҳушдори сенаторҳо ба Трамп дар бораи барномаи мушакӣ ва атомии Арабистон
Шуморе аз сенаторҳои амрикоӣ ба раиси ҷумҳури ин кишвар дар бораи барномаҳои мушакӣ ва ҳастаии Арабистони саудӣ ҳушдор доданд.
Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи Алҷазира, шуморе аз қонунгузорони Сенати Амрико ба Доналд Трамп-раисҷумҳури ин кишвар дар бораи хатари корхонаи урани саъудӣ - чинӣ ҳушдор доданд ва аз вай хостанд, то дар бораи барномаи мушакӣ ва атомии Арабистон бо ҷидият амал кунад.
Бар асоси ин гузориш аъзои Сенат ҳамчунин гуфтаанд,ки Риёз бо кумаки Чин дар заминаи тавлиди мушакҳои балластикӣ гом бардоштааст.
Охирҳои июли гузашта рӯзномаи Уолл-стрит журнал иддао карда буд Чин ба Арабистон дар сохти таъсисоте барои тавлиди кики зард кумак карда ва ин таъсисот дар минтақаи дурафтодаи Алъало дар шимолу ғарби Арабистон қарор дорад.
Ба навиштаи Уолл-стрит журнал ҳадафи саудиҳо аз талош барои дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ рақобат бо бархе кишварҳои минтақа ва муқобила бо онҳо аст.
Дар ҳамин ҳол, ниҳодҳои иттилоотии Амрико низ дар гузориши ҷадиде эълом карданд, ки Арабистон марказе дар наздикии Риёз сохта, ки ба эҳтимоли зиёд ниругоҳи ҳастаӣ аст.
Рӯзномаи Нию-Йорк таймс низ эълом кард, ки Амрико дар ҳоли баррасии талошҳои ҳастаии Арабистон аст, то арзёбӣ кунад, ки оё сохти зерсохтҳо барои тавлиди сӯхти ҳастаӣ дар ин кишвар метавонад подшоҳии саудиро дар масири сохти силоҳи ҳастаӣ қарор диҳад ё на?.