Август 20, 2020 16:48 Asia/Dushanbe
  • Маскав: ҳеҷ баҳонае барои тадовуми таҳрими Эрон вуҷуд надорад

Сафири Русия дар Миср гуфт: Москав ҳеҷ тавҷеҳе дар хусуси идомаи таҳрим ва таҳти фишор қарор додани Эронро намепазирад.

 Ба гузориши хабаргузории форс, «Георгий Борисенко» сафири Русия дар Қоҳира рӯзи панҷшанбе дар гуфтугӯи зимни мухолифат бо таҳрим ва муҳосираи иқтисодии Эрон, гуфт: беҳтар аст ба ҷойи муқобила бо Эрон, бо ин кишвар вориди гуфтугӯ шуд. 
 
 Дар ҳамин ҳол; Вазорати хориҷаи Русия рӯзи панҷшанбе дар баёнияе бо «пуч ва бемаънӣ» хондани талоши Амрико барои тавассул ба механизми Моша, таъкид кард: Вашингтон ҳеҷ ҳаққи қонунӣ ё сиёсӣ барои ироаи дархости бозгашти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид алайҳи Эронро надорад ва Русия ба рғағми таҳдидҳои Амрико ба равобит худ бо Эрон идома хоҳад дод. 
 
 Дар пайи шикасти муфтазеҳонаи Амрико дар Шӯрои амният барои тасвиби пешнависи қатъномаи тамдиди таҳрими таслиҳотии Эрон, давлати Трамп дар талоше мағоир бо қавонини байналмилал, дар садд аст аз қатънома 2231 барои бозгардондани таҳримҳои Шӯрои амният алайҳи Эрон сӯиистифода кунад. 
 
 «Доналд Трамп» бомдоди якшанбе (16 август) муддаӣ шуд, ки ҳафтаи оянда барои фаъол кардани механизм эҳёи таҳримҳои Созмон Милали Муттаҳид алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон талош хоҳад кард; Иқдоме, ки аз ҳам акнун бо мухолифат ҷиддӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ мувоҷиҳ шудааст.

Барчасп