Август 21, 2020 20:28 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Макрон аз мухолифи саршиноси Путин

Раиси ҷумҳури Фаронса дар як конфронси хабарӣ омодагии Парижро барои пазириши мухолифи саршиноси давлати Путин ба унвони паноҳанда эълом кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Рейтерз, Эманоел Макрон- раиси ҷумҳури Фаронса ва Ангела Меркел, садри аъзами Олмон рӯзи панҷшанбе дар конфронси хабарии муштарак барои ироаи кумаки пизишкӣ ба Алексӣ Наваленӣ- саршиностарин мухолифати Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия эъломи омодагӣ карданд.

Макрон гуфт, ки Париж омодааст ҳар кумаке, ки Наваленӣ ниёзманди он аст аз ҷумла паноҳандагиро дар ихтиёри ӯ қарор диҳад.

Меркел низ таъкид кард, Олмон хостори равшан шудани чигунагии беморӣ ва ба кома рафтани Наваленӣ аст.

Алексӣ Наваленӣ, ки саршиностарин мухолифи сиёсатҳои Путин дар 10 соли ахир будааст рӯзи панҷшанбе ба далели он чи атрофиёни ӯ масмумият эълом кардаанд, ба кома рафт.

Навалении 44 сола раҳбари Ҳизби Русияи навин аст, ки дар аксари таҷаммӯъҳои эътирозӣ дар Русия бо мавзӯъоти мухталиф ҳузур меёбад ё мухолифони Путинро даъват ба таҷаммӯъ алайҳи сиёсатҳои давлат мекунад.

 

Барчасп