Август 21, 2020 20:53 Asia/Dushanbe
  • Асабонияти Амрико аз мухолифати аврупоиҳо бо бозгардондани таҳримҳо алайҳи Эрон

Намояндаи Амрико дар Созмони Миллали Муттаҳид гуфт: Вокуниши муттаҳидони аврупоии Вашингтон ба иқдоми Иёлоти Муттаҳида барои бозгардондани таҳримҳо алайҳи Эрон «ноумедкунанда» буд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Келли Крафт дар мусоҳиба бо рӯзномаи олмонии Зу Дойча Сайтонг афзуд: Масъалаи идома ёфтани таҳрими таслиҳотии Эрон ба қадре муҳим аст, ки наметавонем то замони ба поён расидани таҳрими таслиҳотии Эрон дар 18 октябр мунтазир бимонем.

Майк Помпео, вазири умури хориҷаи Амрико асри панҷшанбе ба вақти маҳаллӣ дар мақарри Созмони Миллали Муттаҳид дархости Доналд Трампро барои бозгардондани таҳримҳои Шурои амният алайҳи Эрон ба дабири кулли ин созмон таҳвил дод.

Дақоиқе баъд се кишвари аврупоии узви БАРҶОМ бо судури баёнияе эълом карданд, ки аз иқдоми Амрико барои ба коргирии механизми моша (snapback) ва бозгардондани таҳримҳо алайҳи Эрон ҳимоят намекунанд.

Чин ва Русия низ эълом карданд талоши Амрико, ки худ аз тавофуқи ҳастаӣ хориҷ шуда роҳ ба ҷое нахоҳад бурд.