Август 22, 2020 08:23 Asia/Dushanbe
  • Шӯрои амният 13-1 Амрико: Шикасти дигар барои Трамп

13 узви Шӯрои амният мухолифати худро бо тасмими Амрико барои фаъолсозии "механизми моша" алайҳи Эрон эълом карданд.

Ба гузориши хабаргузории Райтерз, 13 узви Шӯрои амният дар номаҳои ҷудогона таъкид карданд, Вашингтон дар соли 2018 аз тавофуқномаи ҳастаӣ бо Эрон хориҷ шудааст ва дигар узве аз БарҶом нест, ки бихоҳад бо истинод ба он "механизми моша"-ро фаъол кунад.

Ин аъзо таъкид карданд, Амрико машрӯъияти бозгардондани таҳримҳои Эрон зайли қатъномаи 2231 Шӯрои амниятро надорад.

Ин бор низ танҳо ҷумҳурии Доминикан бо талоши Амрико барои  бозгардондани механизми моша мухолифат накард.

Доминикан ҳафтаи гузашта ҳам танҳо кишваре буд, ки ба қатъномаи пешниҳодии Амрико барои тамдиди таҳрими таслиҳотии Эрон раъйи мусбат дод.

Дар механизми моша ё бозгашти сареъи таҳримҳо (snapback) агар яке аз тарафҳои тавофуқи ҳастаӣ ба ин ҷамъбандӣ бирасад, ки тарафи дигар ба тааҳҳудоти худ дар ин тавофуқ пойбанд нест, метавонад ба комиссияи муштарак шикоят кунад ва агар дар бозаи замонии 35 рӯза, мавзӯи шикоят он гуна, ки шокӣ мехоҳад ҳал ва  баррасӣ нашавад, шокӣ метавонад Шӯрои амнияти Созмони Милал Муттаҳидро аз ҳал нашудани мавзӯи шикоят бо хабар кунад.

Пас аз он, Шӯрои амният низ 30 рӯз фурсат дорад то дар бораи идома ёфтани таълиқи таҳримҳо ё бозгардондани онҳо қатънома содир кунад.

Агар дар ин муддат Шӯрои амният натавонад қатъномае содир кунад, тамоми таҳримҳои ин шӯро, ки қабл аз БарҶом барқарор шуда буданд, ба таври худкор боз мегардад.

 

Барчасп