Кӯмаки 60 миллион доллари Созмони Милали Муттаҳид ба Тоҷикистон
Созмони Милали Муттаҳид барои коҳиши паёмадҳои густариши вируси корона дар иқтисоди Тоҷикистон 60 миллион доллар ба ин кишвар кӯмак мекунад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз дафтари матбуоти Вазоратиии рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, ин хабар пас аз дидори ахири вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон Завқи Завқизода бо Сезин Синан Уғлу намояндаи Созмони Милали Муттаҳид дар Душанбе эълом шуд.
Завқизода дар ин дидор аз таъсироти манфии шуйюи вируси корона бар иқтисоди Тоҷикистон ва иқдомоти анҷомшуда дар ин замина ба намояндаи Созмони Милали Муттаҳид дар Душанбе гузорише ироа кард ва кӯмакҳои бештари Созмони милалро ба кишвараш хостор шуд.
Намояндаи Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон низ дар ин дидор, барои ҳамоҳангӣ бо соири ниҳодҳои молии байналмилалӣ ва минтақаӣ дар заминаи кӯмак ба муқобила бо паёмадҳои ногувори густариши Ковид-19 бар иқтисоди ин кишвар эъломи омодагӣ кард.