Лавров: Амрико муваффақ намешавад таҳримҳо алайҳи Эронро баргардонад
https://parstoday.ir/tg/news/world-i56753-Лавров_Амрико_муваффақ_намешавад_таҳримҳо_алайҳи_Эронро_баргардонад
Вазири хориҷаи Русия дар вокуниш ба таҳарукоти Амрико дар Шӯрои амният гуфт: Амрико муваффақ ба баргардондани таҳримҳо зидди Эрон нахоҳад шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 23, 2020 04:44 Asia/Dushanbe
  • Лавров: Амрико муваффақ намешавад таҳримҳо алайҳи Эронро баргардонад

Вазири хориҷаи Русия дар вокуниш ба таҳарукоти Амрико дар Шӯрои амният гуфт: Амрико муваффақ ба баргардондани таҳримҳо зидди Эрон нахоҳад шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон; Лавров таъкид кард талошҳои Амрико барои эъмоли дубораи таҳримҳо алайҳи Эрон мумкин аст ба расвоии бузург ва шикоф дар Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид мунҷар шавад.

Вазири хориҷаи Русия гуфт: Амрико ҳеч абзори қонунӣ барои баргардондани таҳримҳо алайҳи Эрон надорад ва муваффақ ба анҷоми ин кор нахоҳад шуд.

Сергей Лавров афзуд: аксари қариб ба иттифоқи аъзои Шӯрои амнияти Созмони Милал ғайри созанда будан ва нодурустии рӯйкарди бозгардондани таҳримҳо алайҳи Эронро дарк мекунанд.