Қудратнамоии Лукашенко дар хиёбонҳои Минск
Раиси ҷумҳури Беларус, ки дар рӯзҳои ахир бо эътирозоти мухолифонаш рӯбарӯ шудааст бо зоҳире низомӣ ва мусаллаҳ дар ҳалқаи нерӯҳои амниятии кишвараш дар хиёбонҳои пойтахт ҳозир шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, даҳҳо ҳазор нафар аз мардуми Белурас рӯзи якшанбе бори дигар дар хиёбонҳои Минск гирд омаданд то ба эътирозҳои худ алайҳи натиҷаи интихоботи раёсатҷумҳурӣ идома диҳанд.
Муътаризон, ки дар майдони марказии Минск гирд омада буданд сипас дар сатҳи шаҳр тазоҳурот карданд ва алайҳи давлати Александр Лукашенко шиор сар доданд.
Дар айни ҳол интишори тасовире аз Александр Лукашенко, ки бо ҷилиқаи зидди тир ва аслиҳа дар даст аз болгарди махсуси раёсатҷумҳурӣ пиёда мешавад бисёр хабарсоз шудааст.
Лукашенко ба миёни нерӯҳои амниятии Беларус меравад ва аз онҳо ба хотири талош барои барқарории назм ва амният ташаккур мекунад.
Таҳлилгарон далели ин иқдоми раиси ҷумҳури Беларусро намоиши қудрати вай дар баробари мухолифон ва навъе таҳдид кардани мухолифон барои поён додан ба эътирозҳо арзёбӣ кардаанд.