Ҳадафи Исломобод аз афзоиши таҳримҳо зидди саркардагони гурӯҳҳои террористӣ
Вазорати умури хориҷаи Покистон аз шиддат бахшидан ба таҳримҳо алайҳи саркардагони гурӯҳҳои террористӣ дар ин кишвар хабар дод.
Вазорати умури хориҷаи Покистон дар баёнияе эълом кард, ин таҳримҳо шомили даҳҳо саркардаи гурӯҳи террористӣ аз ҷумлаи “Толибон”, “Ҳаққонӣ”, “Алқоида”, “ДИИШ”, “Ҷамоат-ул Аҳрор”, “Сипоҳи Саҳоба”, “Лашкари Ҷҳангвӣ”, “Лашкари Тайиба” ва “Ҷайши Муҳаммад” мешавад, ки дороиҳои онҳо забт ва тамоми тарокуншҳои молии онон низ шиносоӣ ва масдӯд мешавад. Давлати Покистон ҳамчунин вурӯди террористҳои таҳти таҳрим ба дохили ин кишвар ё транзит, таъмини ниёзҳои таслеҳотӣ ва ҳамдастӣ бо онон барои фароҳам кардани ниёзҳои низомиро низ мамнӯъ эълом кард.
Ташдиди таҳримҳои Покистон алайҳи гурӯҳҳои террористӣ дар ин кишвар дар чорчӯби мулоҳизоти дохилӣ ва хориҷии ҳизби ҳокими Таҳрики инсоф сӯрат гирифта аст. Покистон, ки наздик ба ду даҳаи ахир бо мавҷи густардае аз иқдомоти харобкорона ва маргбори гурӯҳҳои террористӣ мувоҷиҳ будааст, дар солҳои ахири илова бар иҷрои сиёсати муқобилаи ҳаддиаксарӣ бо тероризм, эъмоли таҳримҳои чандҷониба зидди ин гурӯҳҳоро низ дар дастури кор қарор додааст.
Давлати Покистон яке аз илали идома ёфтани фаъолиятҳои террористӣ дар ин кишварро ҳимоятҳои молии хориҷӣ аз гурӯҳҳои ифротӣ медонад, ки ба ҳамин далел дар ду соли гузашта сиёсати масдӯд кардани ҳисобҳои бонкии террористҳоро ба таври дақиқ дунбол кардааст.
Албатта илова бар масдӯд шудани ҳисобҳои бонкии гурӯҳҳои мамнуъулфаъолият дар Покистон, лағви мамнуияти эъдом, ташкили додгоҳҳои низомӣ, масдӯд кардани ҳисобҳои бонкии афрод ва гурӯҳҳои машкӯк ба ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои террористӣ низ аз дигар иқдомоти давлати ин кишвар дар ин замина будааст.
Давлати Покистон дар талош аст бо иттихози иқдомоти чандҷониба зидди террористҳо посухгӯи мутолиботи мардуми ин кишвар дар таъмини амният ба унвони як илзоми миллӣ бошад, зеро идома ёфтани ноамнӣ дар Покистон илова бар ба хатар андохтани ҷони мардум мӯҷиби эҷоди чолиш барои арсаҳои мухталифи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мешавад.
Дар буъди хориҷӣ низ ташдиди тадобири давлати Покистони зидди террористҳо аз ҷумла таҳрими онон мӯҷиби афзоиши эътимоди кишварҳои ҳамсоя ба хусӯси Афғонистон ва Ҳинд дар қиболи сиёсатҳои зидди террористии Исломобод хоҳад шуд. Дар солҳои ахир муҳимтарин иллати танишҳо дар равобити Ҳинд ва Афғонистон бо Покистони тардиди Деҳлӣ дар бора ҷаддӣ будани Исломобод дар бархӯрд бо падидаи терорризм ҳатто фаротар аз он иттиҳоми ҳимояти Исломобод аз гурӯҳҳои ифротӣ барои анҷоми амалиёти харобкорона дар Ҳинд ва Афғонистон будааст. Вокуниши гурӯҳи Толибон ба таҳримҳои тозаи давлати Покистон алайҳи гурӯҳҳои ифротӣ дар ин кишвар нишон медиҳад, ки эъмоли маҳдӯдиятҳо зиди ин гурӯҳҳо муассир будааст.
Сухангӯи дафтари сиёсии Толибон дар Қатар ҳушдор дода, ки иқдоми Покистон мабни бар иҷрои таҳримҳо алайҳи ин гурӯҳ, монеи раванди сулҳи Афғонистон хоҳад шуд.
Албатта бояд тавваҷуҳ дошт, ки тасмими тозаи давлати Покистон дар ташдиди таҳримҳо зидди гурӯҳҳои террористӣ дар ин кишвар бо ҳадафи ҷалби назари гурӯҳи вижаи иқдоми молӣ дар таъйиди иқдомоти Исломобод дар мубориза бо тероризм ҳам қобили арзёбӣ аст ба хусӯс онки қарор аст ба зудди ҳайате аз ин гурӯҳ бо мақомоти Покистон дидор кунанд