Русия ваксинаи дуюми коронаро ҳам сохт
https://parstoday.ir/tg/news/world-i56796-Русия_ваксинаи_дуюми_коронаро_ҳам_сохт
Русия таҳияи дувумин ваксини коронавирусро дар озмоишгоҳи собиқ биологии шӯравӣ эълом кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 24, 2020 13:12 Asia/Dushanbe
  • Русия ваксинаи дуюми коронаро ҳам сохт

Русия таҳияи дувумин ваксини коронавирусро дар озмоишгоҳи собиқ биологии шӯравӣ эълом кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз Ал-Олам , пас аз ин, ки Русияи аввалин ваксинаи карона дар ҷаҳонро ба таъйиди расмӣ расонад , муҳаққиқону коршиносони ҷаҳон аз суръати русҳо шигифт зада ва албата нигарон шуданд ва ҳоло Русия хабар дода, ки дувумин ваксинаи коронаро низ сохтааст .
Ин ваксинаи ҷадид дар муассисаи вирусшиносии "Вектор"(Vector), ки дар даврони шӯравӣ озмоишгоҳи таҳқиқотии силоҳҳои биологӣ буд сохта шудааст .
Озмоишҳои болинии дувумин ваксинаи коронаи русҳо ки " ЭпиВакКорона"( EpiVacCorona ) ном  гирифтааст, дар моҳи сентябр  такмил хоҳад шуд ва Маскав умедвор аст тавлиди онро аз моҳи ноябр оғоз кунад .
Озмоиши ин ваксина рӯи 57 довталаб  аворизи ҷонибӣ надоштааст .
Гузоришҳо ҳокӣ аст, ки ин ваксина пас аз тазриқ ду дўз рӯй довталабон ба фосилаи 14 то 21 рӯз аз тазриқ дар онҳо вокуниши эминӣ эҷод мекунад .
Озмоишгоҳи Вектор рӯи тавсеъаи 13 ваксинаи эҳтимолӣ барои Ковид-19 кор кардааст .
Ин озмоишгоҳ  замоне як макони калидӣ барои барномаи силоҳҳои махфиёна ва ғайриқонунии биологии шуравӣ буд .
 Русия  ахиран ба унвони аввалин кишвар  як ваксина ба номи " Sputnik V "-ро барои муқобила бо Ковид-19 ба таври расмӣ сабт кард .
Ахбори таъйид нашудае мабнӣ бар бурузи аворизи ҷонибии мутаъаддидӣ монанди таваррум, дард , гармозадагӣ , афзоиши дамои  бадан ва хориш дар маҳалли тазриқ рӯи гуруҳи  кучаке аз довталабон аз ҷумлаи сарбозони артиш вуҷуд доштааст.