Август 24, 2020 20:24 Asia/Dushanbe
  • Ашраф Ғанӣ: муҳаррам фурсате барои таҳкими бародарии исломӣ аст

Раиси Ҷумҳурии Афғонистон гуфт: Ошуро имкони таҳкими ваҳдати миллӣ, бародарии ислом, фарҳанги ҳамдигарпазирӣ ва ҳисси иттифоқ аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс , « Ашрафи Ғанӣ » дар дидор бо ҷамъе аз уламои  ин кишвар афзуд: Имом Ҳусейн ( а ) барои ислоҳ , парчам баланд карда буд ва зарурати ислоҳ дар ҷавомеи исломӣ идома дорад .
Ашраф  Ғанӣ бо таслияти фарорасидани айёми шаҳодати Имоми Ҳусейн ( а ) ба тамоми мусулмони ҷаҳон ва азодорони шиа ва суннӣ гуфт:  муҳаррам  фурсати бузурге аст, ки мусулмонон дар он таҷдиди аҳд мекунанд .
Вай бо таъкид бар ин, ки тамоми мардуми мо дар рӯзи ошӯро азодор ҳастанд аз ҳамаи созмонҳои амниятии кишвараш  хост то таъмини амнияти маросими ошӯроро дар авлавият қарор диҳанд .
Пеш аз ин дар пайи ҳамалоти террористӣ ба азодорони ҳусейнӣ дар Афғонистон ва шаҳиду захмӣ шудани бисёрӣ аз азодорон дар солҳои ахир , бисёрии давлатро ба камкорӣ дар таъмини амнияти маросими  мазҳабӣ муттаҳам кардаанд .