Август 25, 2020 09:57 Asia/Dushanbe
  • Қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон бо ҳавопаймоҳои амрикоӣ

Дабири кулли Ситоди мубориза бо маводи мухаддири Эрон гуфт: Ҳавопаймоҳои НАТО ва Амрико дар Афғонистон маводи мухаддир ҷобаҷо мекунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Искандар Муъминӣ дар нишасти тахассусии видеоконфронсии муовинон ва мудирони кулли Ситоди мубориза бо маводи мухаддири ин кишвар афзуд: Дар соли 2000 кулли тавлидоти Афғонистон ҳудуди 200 тонна буд, аммо дар соли 2017 ба беш аз 10 ҳазор тонна яъне 50 баробар расид ва иттилоъ дорем, ки ҳавопаймоҳои амрикоӣ дар заминаи қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон фаолият мекунанд.

Дабири кулли Ситоди мубориза бо маводи мухаддири Эрон гуфт: Ахбори муътабаре дар даст аст, ки ҳавопаймоҳои НАТО низ дар ҷобаҷоӣ ва қочоқи маводи мухаддир ва кишти мавод дар Афғонистон кумак мекунанд.

Пеш аз ин Сергей Лавров- вазири умури хориҷаи Русия низ эълом кард: Амрико ва НАТО дар тиҷорати маводи мухаддир ва қочоқи героин аз Афғонистон ба дигар кишварҳо нақш доранд ва Амрико ва НАТО аз низомиёни худ барои муҳофизат аз кишт, тавлид ва қочоқи героин аз Афғонистон ба дигар кишварҳои ҷаҳон истифода мекунанд.

Барчасп