Боко ҳарамиҳо дар як шаб даҳҳо нафарро ба қатл расонданд
Аносури гурӯҳи террористии «Боко Ҳарам» шаби гузашта даҳҳо нафарро дар шарқи ин кишвар ба қатл расонданд.
Ба гузориши Анатоли, Mohammed Ali Ndume, намоянда дар иёлати Borno дар маҷлиси Сенати Нигерия гуфт, аносури гурӯҳи террористии «Боко Ҳарам» 75 нафарро тайи як шаб дар минтақаи Gwoza дар Borno ба қатл расондаанд.
Вай афзӯд, ки ба унвони як сенатор наметавонад ба он минтақа биравад чун амн нест ва агарчӣ нерӯҳои амниятӣ тамоми талоши худро мекунанд, аммо вазъияти мнтақа ба далели ҳузури террористҳои Боко Ҳарам воқеан хатарнок аст.
Ин сенатор ҳамчунин гуфт, ки илова бар ҳамалоти «Боко Ҳарам», сокинони иёлати Borno бо гуруснагӣ мувоҷеҳ ҳастанд ва агар созмонҳои ҷаҳонӣ иқдоме накунанд, авзоъ бисёр хатарноктар мешавад.
«Боко Ҳарам», як гурӯҳи террористӣ, ки соли 2002 дар Нигерия эъломи мавҷудият кард ва муддаии иҷрои шариати исломӣ дар тамомии иёлатҳои ин кишвар шуд.
Ин гурӯҳ дар марти 2015 низ бо гурӯҳи террористии ДИИШ эъломи байат кард.
Аз соли 2009 дар натиҷаи ҳамалоти гурӯҳи террористии «Боко Ҳарам», беш аз 20 ҳазор нафар дар Нигерия кушта ва миллионҳо нафар овора шудаанд.