Канорагирии мудири кулли шабакаи чинии "Тик Так" бо идомаи таҳдидҳои Трамп
Мудири шабакаи чинии “Тик Так” дар Амрико, бо идомаи таҳдидҳои раисиҷумуҳури ин кишвар истеъфо кард.
Ба гузориши CNBC, Кевин Мейер,мудири шабакаи иҷтимоии чинии "ТикТак", бо идомаи таҳдидҳои Доналд Трамп,раисиҷумуҳури Амрико дар бораи манъи фаъолияти ин нармафзор дар ин кишвар канорагирӣ кард.
Кевин Мейер дар ноаме навиш, "идомаи кор бо фишорҳо ва таҳдидҳои шадиди давлати Амрико барои фуруши "ТикТак" ба ширкатҳои амрикоӣ бисёр душвор аст."
Давлати Трамп истифода аз нармафзори "ТикТак"-ро, ки имкони ба иштирок гузоштани видеоҳои кутоҳро фароҳам мекунад ба баҳонаи масоили амниятӣ дар Амрико манъ карда ва муддаист, ки иртиботи ин нармафзор бо давлати Чин амнияти амрикоиҳоро ба хатар меандозад.
"ТикТак" пайваста чунин таҳдидеро такзиб карда ва бар маҳфуз будани иттилооти корбарони амрикоӣ таъкид кардааст.
Давлати Амрико идомаи фаъолияти "ТикТак" дар ин кишварро ба хариди он аз сӯи ширкатҳои амрикоӣ машурут кардааст.
Ду ширкати амрикоии Microsoft ва Oracle барои хариди ширкати аслии нармафзори "ТикТак" "Byte Dance" рақобат мекунад.
Бар асоси дастури иҷроии Трамп фуруши ин нармафзор бояд то қабл аз 15 сентябр анҷом шавад, дар ғайри ин сурат идомаи фаъолияти он дар амрико имконпазир нахоҳад буд.
Ширкатии"ТикТак" душанбеи ин ҳафта аз давлати Амрико ба далели маҳрум кардани ин шабака аз идомаи фаъолияташ шикоят кард.
Иқдомоти давлати Трамп бо ҳадафи эҷоди маҳдудият барои ширкатҳои чинӣ дар Амрико, аз ҷумла ширкати Huawei бо вокуниши манфӣ ва ҳушдори давлати Чин мувоҷеҳ шудааст.