Омори қурбониёни корона дар Русия аз 17 ҳазор тан гузашт
(last modified Sat, 29 Aug 2020 12:08:35 GMT )
Август 29, 2020 17:08 Asia/Dushanbe
  • Омори қурбониёни корона дар Русия аз 17 ҳазор тан гузашт

Ситоди муқобила бо густариши корона дар Русия эълом кард: Токунун 17 ҳазору 25 нафар ба далели ибтило ба вируси корона дар ин кишвар ҷони худро аз даст додаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ирна, танҳо дар 24 соати гузашта 4 ҳазору 941 нафари дигар дар паҳновартарин кишвари ҷаҳон ба корона мубтало шудаанд. Теъдоди мубталоён ба ин вирус дар Русия наздик ба як миллион нафар расид.

Дар 24 соати ахир ҳамчунин 111 нафар дар гӯшаву канори Русия ҷони худро ба далели ин бемори аз даст додаанд.

Русия се ҳафта пеш аввалин ваксинаи коронаро дар ҷаҳон кашф кард; ваксина, ки ҳанӯз оммавӣ нашудааст ва марҳилаи ниҳоии он, натиҷаҳои санҷиш ба ҳазорон нафар, ҳанӯз ба анҷом нарасидааст.

Путин якчанд рӯз пеш хабар дод, ки дар моҳи оянда дуввумин ваксинаи корона ҳам дар кишвараш тавлид хоҳад шуд ва бо рақобат бо ваксинаи аввал хоҳад пардохт.

Тибқи охирин назарсанҷиҳо дар Русия, 40 дар сад мардуми алоқаманд ба истифода аз  ваксина ҳастанд ва бо таваҷҷӯҳ ба ин, ки ҳанӯз натоиҷи ин ваксина бар рӯи теъдоди анбӯҳе аз мардум ба даст наёмадааст, хелеҳо тарҷеҳ медиҳанд феълан дар истифода аз он эҳтиёт кунанд.

Барчасп