Зуҳури шабакаҳои террористии муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо
https://parstoday.ir/tg/news/world-i56935-Зуҳури_шабакаҳои_террористии_муҳоҷирони_Осиёи_Марказӣ_дар_Аврупо
Раиси маркази зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид гуфт: бархе муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чечен дар Аврупо шабакаҳои террористӣ эҷод кардаанд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 29, 2020 18:07 Asia/Dushanbe
  • Зуҳури шабакаҳои террористии муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо

Раиси маркази зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид гуфт: бархе муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чечен дар Аврупо шабакаҳои террористӣ эҷод кардаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс , муовини дабири кулл ва раиси маркази зидитеррористии Созмони Милал « Владимир Воронкоф » дар гузорише эълом кардааст, ки дар яке аз кишварҳои Аврупоӣ гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт шуданд, ки ба онҳо дастур дода шуда буд  барои ҳамалоти террористӣ ва ҷазби муҳоҷирон , ҳастаеро ташкил диҳанд .
Ҳамчунин дар минтақаи шимоли  Аврупо  гурӯҳе аз шаҳрвандони узбакистонӣ даргир дар ҷароими созмонёфта ва таъмини молии тероризм шиносоӣ шуданд .
Воронков аз давлатҳои Осиёи марказӣ хост  хонаводаҳои ДИИШ ба вижаи занону кўдконеро, ки ҳамсарону падароншон дар гурӯҳи ДИИШ дар Ироқу Сурия ҳастанду худашон  ҳеҷ иртиботе бо ДИИШ надоштаанд ба кишвари худ бозгардонанд .
Муовини дабири кулли Созмони Милал гуфтааст ба далели баста шудани марзҳо ва аъмоли маҳдудиятҳои сафари ношӣ аз густариши бемории корона, дар хориҷ аз манотиқи даргирӣ , таҳдидҳои ношӣ аз созмони террористии ДИИШ ба таври муваққат заъиф шудааст .
Вай афзуд : бо ин вуҷуд , эҳтимоли ҳамалот ба дасти афроди илҳомгирифта аз фазои  маҷозӣ, ки ба танҳоӣ ё дар гурӯҳҳои кӯчак фаъолият мекунанд ва мумкин аст бо таблиғоти фурсаталабонаи ДИИШ дар бӯҳрони Ковид-19 тағзия шаванд , ҳамчунон вуҷуд дорад .