Август 29, 2020 20:34 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Русия аз тарҳҳои саноатии Тоҷикистон

Вазорати саноату тиҷорати Русия омодагии худро барои пуштибонии ҳамаҷониба аз ширкати алюминиуми Тоҷикистон эълон кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ширкати Талко, "Интиқоли мошинҳои нав аз Русия ба ширкати Талко низ баррасӣ мешавад", гуфт Евгений Корнаков, намояндаи тиҷорати Русия дар Тоҷикистон.

Бо ёдоварӣ аз зарурати афзоиши савдои байни Душанбе ва Маскав, Корнаков илова намуд, ки Русия лоиҳаҳои муҳими саноатӣ ва иқтисодии Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад.

Барчасп