Шаҳодати се нафар аз азодорони ҳусайнӣ дар шимоли Нигерия
Се нафар аз азодорони ҳусайнӣ, дар шаҳри Кодуно воқеъ дар шимоли Нигерия дар ҳамлаи неруҳои амниятии ин кишвар ба шаҳодат расиданд.
Ба гузориши шабакаи телевизионии Алъолам, азодорони ҳусайнӣ бо вуҷуди ҳамалоти неруҳои амниятии давлати Нигерия маросими муҳаррамро баргузор карданд дар ҳоле ки се нафар аз азодорон дар Кодуно дар ин ҳамалот ба шаҳодат расиданд ва даҳҳо нафари дигар низ захмӣ шуданд.
Дастаҳои азодорӣ дар Кодуно ва Сукуту ва Зориё, бо вуҷуди маҳдудиятҳое, ки давлати Нигерия эҷод кардааст ба хиёбонҳо омаданд.
Фаъолиятҳои мутааддиде дар Нигерия, ба муносибати тосуъо ва ошурои ҳусайнӣ баргузор шуд.
Азодорони ҳусайнӣ, ҳамчунин бо оддисозии равобит бо режими Исроил мухолифат карданд.
Азодорон ба бемористонҳо хун эҳдо карданд ва аз давлати Нигерия хостанд шайх Иброҳим Закзокӣ- раҳбари Ҷунбиши исломии Нигерияро озод кунад.
Маҳдудиятҳо ва иқдомоти хушунатбори неруҳои амниятии Нигерия, алайҳи азодорони ҳусайнӣ дар ин кишвар рӯзҳои ахир афзоиш ёфтааст.