Август 31, 2020 11:00 Asia/Dushanbe

Бархе аз муъминон дар соли 1620 мелодӣ миқдоре аз хоки мазори ҳазрати Аббос (а)-ро барои табаррук ва талаби шифо ба Албания бурданд.

Мардум пас аз мушоҳидаи осори ин хок, тасмим гирифтанд, ки боқимондаи онро дар болои кӯҳи «Темурӣ» , ки дар 200 километрии Тирана, пойтахти ин кишвар қарор дорад, дафн кунанд. Бо гузашти замон биное дар маҳалли дафни хок сохта шуд ва номи ин маҳал ба кӯҳи «Аббоси Алӣ» тағйир ёфт, ки зиёратгоҳи аҳолии Албания аз адиён ва қишрҳои мухталиф аст.

 

Барчасп