Дастгоҳи русӣ вируси коронаро дар ҳаво радёбӣ мекунад
(last modified Mon, 31 Aug 2020 08:26:33 GMT )
Август 31, 2020 13:26 Asia/Dushanbe
  • Дастгоҳи русӣ вируси коронаро дар ҳаво радёбӣ мекунад

Муҳаққиқони русӣ дастгоҳе ба андозаи як яхчол сохтаанд, ки метавонад маводи симӣ ва вирусҳои мухталиф аз ҷумла коронаро дар ҳаво радёбӣ кунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, ширкати «KMZ Плант»-и Русия бо ҳамкории институти Гамалияи ин кишвар ҷадидтарин маҳсули худро рӯнамоӣ кардааст, ки ин дастгоҳ тайфи васие аз маводи симӣ ва ҳамчунин 86 навъи потуген аз ҷумла вируси КОВИД-19-ро дар муддати 10 то 15 сония дар ҳаво шиносоӣ мекунад.

Ин дастгоҳ, озмоишгоҳе ба андозаи яхчол аст, ки метавонад тестҳое бо диққати боло анҷом диҳад ва пас аз расади маводи симӣ ё вирус дар ҳаво, ба оператори худ паёми ҳушдор бифиристад.