Сентябр 01, 2020 10:40 Asia/Dushanbe
  • Боз шудани марзҳои Русия ба рӯи донишҷӯёни хориҷӣ

Узви Ситоди муқобила бо корона дар Русия эълом кард: Ба донишҷӯёни хориҷӣ иҷоза дода мешавад барои идомаи таҳсил ба Русия бозгарданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Анна Попоева дар номае ба мақомоти манотиқи мухталифи Русия эълом кард, ки донишҷӯёни хориҷӣ иҷоза доранд барои идомаи таҳсил дар муассисоти таҳсилоти олӣ ба ин кишвар сафар кунанд.

Бар асоси тағйироти ҷадид, донишҷӯёни соли аввалӣ иҷоза доранд аз имрӯз - аввали моҳи сентябр- ва донишҷӯёни солҳои болотар аз 15 моҳи октябр ба муддати ҳадди ақал се моҳ ба Русия мусофират кунанд.

Шаҳрвандони хориҷие, ки барои таҳсил дар донишгоҳҳои Русия ба ин кишвар сафар мекунанд, бояд мадраки пизишкӣ ҳамроҳи худ дошта бошанд, ки нишон диҳад тести коронаи онҳо ҳадди ақал се рӯз пеш аз сафар манфӣ будааст.

Ҳамчунин донишҷӯёни хориҷӣ пеш аз оғози таҳсил дар донишгоҳҳои Русия бояд 14 рӯз аз замони вуруд ба ин кишвар карантин шаванд.

Барчасп