Кашфи «ҷаҳаннам» дар фазо
Донишмандони НАСА сайёраеро хориҷ аз манзумаи шамсӣ ёфтанд, ки онро ҷаҳаннам ё ҳамон дӯзах номиданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Созмони миллии ҳавонавардӣ ва фазоии Амрико бо номи ихтисории НАСА сайёрае хориҷ аз манзумаи шамсӣ дар манзумаи фалакии саратон ёфтааст, ки ба далели шабоҳати зиёди он ба дӯзахе, ки дар китобҳои динӣ тавсиф шуда, онро ҷаҳаннам номидаанд.
Тибқи эъломи НАСА атмосфери ин сайёра аз маводе чун «сианиди гидроген» ташкил шуда, ки ин мода ҳамон газе аст, ки дар Амрико барои эъдоми муҷримон ва дар урдугоҳҳои нозӣ барои қатли ом истифода мешуд.
Аз мушаххасоти ин сайёра метавон ба чархиши ҳамзамон ба даври худ ва хуршед ишора кард, ки ин вижагии он дуруст шабеҳи замин мебошад бо ин тафовут, ки 60 баробари замин ба хуршед наздиктар аст ва дараҷаи ҳарорати он ба 2000 дараҷа мерасад.
Яке дигар аз вижагиҳои сайёраи ҷаҳаннам ин аст, ки ниме аз он равшан ва ниме дигар торик аст.