Боздошти таъминкунандагони молии ДОИШ дар Русия
Сервиси амнияти федерали Русия эълом кард, шуморе аз таъминкунандагони молии гурӯҳи террористии ДОИШ дар ин кишвар боздошт шудаанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Тасним, Сервиси амнияти федерали Русия рӯзи душанбе дар баёнияе эълом кард, ки ин 6 нафар дар амалиёте вижа дар панҷ минтақаи ин кишвар боздошт шудаанд.
Дар ин баёния омадааст: Неруҳои амниятии Русия барои муқобила бо як шабакаи ғайриқонунӣ, ки барои ДОИШ пул ҷамъоварӣ мекарданд, вориди амал шуданд ва ин афродро боздошт карданд.
Ин афрод, ки дорои кортҳои эътибории бонкҳои русӣ буданд, ҳадди ақал 500 ҳазор рубл барои кумак ба ДОИШ ҷамъоварӣ карда буданд.
Таҳқиқот, барои шиносоии ҳамдастони эҳтимолии ин гурӯҳи террористӣ оғоз шудааст.
Маъмурони амниятии Русия, дар солҳои ахир даҳҳо узв ва ҳаводори ДОИШ-ро боздошт карда ё ба ҳалокат расондаанд, ки бархе аз онҳо бо саркардаи террористҳо дар Ироқ ва Сурия иртиботи мустақим доштанд ва аз онҳо барои иҷрои ҳамалоти террористӣ дар Русия дастур мегирифтанд.
Гурӯҳи террористии ДОИШ, дар соли 2014, бо ҳимояти молӣ ва низомии Амрико ва ҳампаймонони ғарбӣ ва арабии ин кишвар шакл гирифт.